ДАР ИҶРОИ ВАЗИФА: ОЗОРУ АЗИЯТ, ТАЪҚИБИ СУДӢ ВА ЗИНДОНӢ КАРДАНИ АДВОКАТҲО ДАР ТОҶИКИСТОН

Тоҷикистон санаи 26 май “Рузи касбии адвокатҳо”-ро ҷашн мегирад. Маҳз дар ҳамин руз 95 сол пеш аввалин иттиҳодияи адвокатҳо (вакилони дифоъ) дар Тоҷикистон ташкил шуда буд. Аммо адвокатҳо барои таҷлили ин ҷашн асоси зиёде надоранд: ин ҷашн ба вакте рост меояд, ки кишвар торафт аз ҳуқуқи инсон ва волоияти қонун руй мегардонад ва вакилони дифоъ ҳангоми иҷрои вазифаи касбии худ ба монеаҳои бузург дучор мешаванд. Дар Тоҷикистони имруза адвокат, хусусан адвокати ҳуқуқи инсон будан маънои бо хатарҳои бемисл рубару шуданро дорад.

Choose a language to view report

Download PDF