Муқаддима
Авфи Байналмилал муддати тӯлонӣ барои ҳуқуқ ба махфият мубориза мебарад ва бар зидди назорат ва дахолати ғайриқонунӣ ба ҳаёти шахсӣ баромад мекунад. Мо ҳамин эҳтиёткориро дар коркарди маълумоти шахсие, ки одамон бо мо мубодила мекунанд, риоя менамоем.
Ин сиёсат шарҳ медиҳад, ки мо кадом маълумоти шахсиро ҷамъоварӣ мекунем, барои чӣ аз он истифода мебарем, бар кадом асосҳои ҳуқуқӣ маълумоти шахсии шуморо ҷамъоварӣ ва нигоҳдорӣ мекунем, онро бо кӣ мубодила менамоем, то чӣ муддат нигоҳ медорем ва шумо кадом ҳуқуқҳоро доред. Мо ин сиёсатро бо забони содда навиштаем, то истифодаи он осон бошад.
Ин сиёсат нисбат ба маълумоти шахсие татбиқ мешавад, ки аз ҷониби Афви Байналмилал Лимитед (Дабирхонаи Байналмилалии ҳаракати Авфи Байналмилал) тавассути сомонаи www.amnesty.org ва дигар сомонаҳое, ки аз ҷониби Дабирхонаи Байналмилалӣ идора ва фаъолият карда мешаванд, инчунин тавассути низомҳои онлайн, шаклҳо, маъракаҳо, фаъолияти омӯзишӣ, саҳифаҳои хайрия, шаклҳои изҳори таваҷҷуҳ ба узвият, равандҳои ҷалби кормандон ва дигар хизматрасониҳои оммавие, ки мо пешниҳод менамоем, коркард карда мешавад.
Ҳар гоҳе ки дар ин сиёсат ибораҳои «Авфи Байналмилал», «мо» ё «моро» истифода мешаванд, манзур Афви Байналмилал Лимитед мебошад, ширкате, ки ҳамчун воҳиди асосии амалиётии Дабирхонаи Байналмилалии Афви Байналмилал (https://www.amnesty.org/en/who-we-are/). Афви Байналмилал Лимитед дар Англия ва Уэлс ҳамчун ширкати дорои кафолати маҳдуд таҳти рақами бақайдгирии 01606776 ба қайд гирифта шудааст.
Авфи Байналмилал назораткунандаи маълумоти шахсие мебошад, ки ин сиёсат фаро мегирад. Ин маънои онро дорад, ки мо тасмим мегирем, ки ин маълумот бо кадом мақсад ва чӣ гуна истифода бурда шавад. Маълумоти тамос бо мо дар охири ин сиёсат оварда шудааст. Агар саволе дошта бошед ё хоҳед аз ҳуқуқҳои худ дар соҳаи махфият истифода баред, метавонед бо мо тавассути почта, почтаи электронӣ ё телефон тамос гиред.
Баъзе бахшҳо, сохторҳо ё созмонҳои шарики Авфи Байналмилал метавонанд сиёсати махфияти худро дошта бошанд. Ин сиёсат он сиёсатҳоеро иваз намекунад, ки дар онҳо як созмони дигар назораткунандаи маълумоти шумо мебошад.
Маълумоти шахсие, ки мо ҷамъоварӣ мекунем
Навъ ва ҳаҷми маълумоти шахсие, ки мо ҷамъоварӣ мекунем, аз он вобаста аст, ки шумо чӣ гуна бо мо ҳамкорӣ карданро интихоб мекунед. Шумо метавонед ҳамаи саҳифаҳои сомонаҳои моро бидуни муаррифии худ истифода баред. Бо вуҷуди ин, мо метавонем баъзе маълумоти техникӣ, аз ҷумла нишонии IP, маълумот дар бораи дастгоҳи шумо ва маълумоти марбут ба кукиҳо (cookies) ё технологияҳои шабеҳ ҷамъоварӣ намоем.
Мо маълумоти шахсиро дар ҳолатҳои зерин ҷамъоварӣ мекунем, вақте ки шумо:
- аризаи дастаҷамъонаро (петитсия) имзо мекунед, дар иқдоми онлайн иштирок мекунед ё ба маъракае ҳамроҳ мешавед;
- хоҳиши ҳамроҳ шудан ба Авфи Байналмилал ё узви байналмилалии он шуданро изҳор мекунед;
- ба мо хайрия ё дигар пардохт анҷом медиҳед;
- барои гирифтани навсозиҳо, огоҳӣ дар бораи чорабиниҳо, паёмҳои марбут ба ҷамъоварии маблағ ё дигар паёмҳои мо номнавис мешавед;
- барои иштирок дар курсҳои омӯзишӣ оид ба ҳуқуқи башар номнавис мешавед;
- дар дигар маъракаҳо ё фаъолиятҳои онлайни мо, аз ҷумла лоиҳаи «Рамзкушоёни Авфи Байналмилал» (Amnesty International Decoders) иштирок мекунед;
- барои кор, фаъолияти ихтиёрӣ (волонтёрӣ), таҷрибаомӯзӣ ё дигар вазифаҳои шабеҳ дар созмони мо дархост пешниҳод мекунед;
- бо мо тамос мегиред, дархост ё шикоят пешниҳод мекунед ё аз ҳуқуқҳои худ дар соҳаи махфият истифода мебаред; ё
- аз сомонаҳо, паёмҳои почтаи электронӣ, шаклҳои электронӣ, саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ ё дигар хизматрасониҳои онлайни мо истифода мебаред.
Маълумоти шахсие, ки мо ҷамъоварӣ мекунем, метавонад инҳоро дар бар гирад:
- ном, синну сол ё доираи синну соли шумо, суроға, суроғаи электронӣ ва рақами телефон;
- кишвар, забон, афзалиятҳои иртиботӣ (навъи тамос) ва самтҳои таваҷҷӯҳи шумо дар Авфи Байналмилал;
- маълумоте, ки шумо ҳангоми имзои аризаҳои дастаҷамъона, иштирок дар иқдомҳои маъракавӣ, пур кардани шаклҳои изҳори таваҷҷуҳ ба узвият, сабти ном дар курсҳои омӯзишӣ, иштирок дар назарсанҷиҳо, пешниҳоди дархостҳо ё шикоятҳо ба мо пешниҳод мекунед;
- маълумот дар бораи хайрияҳо ва пардохтҳо, аз ҷумла маблағи хайрия, санаи пардохт, вазъи пардохт ва рақами мушаххаси пардохт. Маълумоти корти пардохтии шумо аз ҷониби провайдерҳои тарафи сеюми хизматрасониҳои пардохтии мо рамзгузорӣ карда мешавад. Авфи Байналмилал маълумоти пурраи корти пардохтии шуморо нигоҳ намедорад.
- маълумоти техникӣ, аз қабили нишонии IP, навъи дастгоҳ, навъи браузер, низоми амалиётӣ, саҳифаҳои боздидшуда, пайвандҳои пахшшуда, сана ва вақти боздид, маҳалли ҷойгиршавии тахминӣ (ки аз маълумоти техникӣ бармеояд), муайянкунандаҳои кукиҳо (cookie identifiers) ва дигар муайянкунандаҳои шабеҳи онлайн. Ин маълумот метавонад ҳам аз ҷониби мо ва ҳам аз ҷониби провайдерҳои тарафи сеюми хизматрасониҳои пардохтии мо мутобиқи шартҳо ва талаботи онҳо ҷамъоварӣ карда шавад. Авфи Байналмилал барои сиёсати махфияти провайдерҳои тарафи сеюм масъул нест.
- маълумоти марбут ба раванди ҷалби кормандон, аз ҷумла дархости шумо барои кор, тарҷумаи ҳол (CV), номаи ҳавасмандӣ (cover letter), маълумот дар бораи собиқаи корӣ, тахассус, тавсияномаҳо, қайдҳои мусоҳиба, натиҷаҳои арзёбӣ, маълумот дар бораи ҳуқуқи шумо барои кор кардан ва дигар маълумоте, ки барои идоракунии ин раванд зарур аст;
- маълумоти категорияи махсус, агар шумо ихтиёран онро пешниҳод кунед, ё ҳамкории шумо бо мо чунин маълумотро ошкор ё эҳтимолан нишон диҳад, ё истифодаи он барои мо мувофиқи қонун зарур ва иҷозатдодашуда бошад. Ин метавонад маълумотро дар бораи пайдоиши нажодӣ ё қавмӣ, ақидаҳо ё эътиқодҳои сиёсӣ, дин ё эътиқод, узвият дар иттифоқҳои касаба, вазъи саломатӣ, маъюбият, ҳаёти ҷинсӣ ё гароиши ҷинсӣ дар бар гирад; ва
- маълумот дар бораи ҳуқуқвайронкуниҳо ё ҷиноятҳо, агар он барои раванди ҷалби кормандон, ҳифзи бехатарӣ, пешгирии қаллобӣ, баррасии даъвоҳои ҳуқуқӣ, иҷрои уҳдадориҳои ҳуқуқӣ ё дигар мақсади қонунӣ зарур бошад.
Мо танҳо маълумотеро мепурсем, ки ба мо зарур аст. Дар ҳолатҳое, ки пешниҳоди маълумот ихтиёрӣ мебошад, мо инро то ҳадди имкон равшан нишон медиҳем. Агар шумо маълумоти заруриро барои пешкаш кардани хидмат, коркарди хайрия, арзёбии дархост ё иҷрои талаботи қонунӣ пешниҳод накунед, мумкин аст мо натавонем ин амалҳоро анҷом диҳем.
Кукиҳо ва пайгирии онлайн
Сомонаҳои мо кукиҳо (cookies) ва технологияҳои шабеҳро истифода мебаранд. Ба инҳо метавонанд файлҳои хурд, пикселҳо, тегҳо ва захираи маҳаллӣ (local storage) дохил шаванд. Онҳо ба фаъолияти дурусти сомонаҳо мусоидат мекунанд, интихоби шуморо дар хотир нигоҳ медоранд, тарзи истифодаи хидматҳои моро аз ҷониби истифодабарандагон мефаҳмонанд, натиҷаи маъракаҳоро баҳогузорӣ мекунанд, муҳтаворо беҳтар мегардонанд ва, дар ҳолатҳое ки иҷозат дода шудааст, фаъолияти таблиғотӣ ё ҷамъоварии маблағро дастгирӣ мекунанд.
Баъзе кукиҳо барои фаъолияти дурусти сомонаҳои мо зарур мебошанд. Дигарҳо ихтиёрӣ мебошанд. Дар ҳолатҳое, ки қонун талаб мекунад, мо пеш аз насб кардани кукиҳои ихтиёрӣ ё технологияҳои шабеҳ розигии шуморо мепурсем. Шумо метавонед интихоби худро тавассути воситаҳои идоракунии кукиҳо дар сомонаҳои мо ё танзимоти браузери худ тағир диҳед.
Кукиҳо ва технологияҳои шабеҳ метавонанд нишонии IP, муайянкунандаҳои дастгоҳ, маълумоти браузер, саҳифаҳои боздидшуда, пайвандҳои пахшшуда ва дигар маълумоти фаъолияти онлайнро ҷамъоварӣ намоянд. Баъзе аз ин маълумот, вобаста ба интихоби шумо ва технологияи истифодашуда, метавонад бо платформаҳои таҳлилӣ, таблиғотӣ ё шабакаҳои иҷтимоӣ мубодила карда шавад. Дар ҳолатҳое, ки кукиҳо, пикселҳо ё технологияҳои шабеҳ барои таблиғот, чен кардани шумораи бинандагон (audience measurement) ё пайгирии байнисомонавӣ (cross-site tracking) истифода мешаванд, мо онҳоро танҳо дар ҳолатҳои иҷозатдодашуда аз ҷониби қонун ва мутобиқи интихоби шумо оид ба кукиҳо истифода мебарем.
Барои маълумоти бештар, аз ҷумла дар бораи навъҳои кукиҳое, ки мо истифода мебарем ва тарзи идоракунии онҳо, лутфан Изҳороти моро оид ба кукиҳо (https://www.amnesty.org/tg/cookie-statement/) мутолиа намоед.
Тарзи истифодаи маълумоти шахсии шумо ва асосҳои ҳуқуқии мо
Қонунгузории ҳифзи маълумот муқаррар мекунад, ки барои истифодаи маълумоти шахсӣ мо бояд асоси ҳуқуқӣ дошта бошем. Вобаста ба мақсад ва навъи маълумоти шахсии коркардшаванда, мо аз асосҳои ҳуқуқии гуногун истифода мебарем.
Мо маълумоти шахсии шуморо барои мақсадҳои зерин истифода мебарем:
Фаъолиятҳои маъракавӣ ва таълимии онлайнӣ
Мо маълумоти шахсии шуморо барои роҳандозии аризаҳои дастаҷамъона (петисияҳо), иқдомҳои почтаи электронӣ, маъракаҳо ва дигар фаъолиятҳои онлайнӣ, инчунин барои ирсоли амали шумо ба қабулкунандаи пешбинишуда — дар ҳолате ки ин қисми маърака мебошад — истифода мебарем. Вобаста ба иқдом, мо одатан ба розигии шумо, манфиатҳои қонунии мо дар мубориза барои ҳуқуқи башар ё ба ҳарду такя мекунем. Дар ҳолате ки маълумоти марбута ба категорияи махсус тааллуқ дошта бошад ё иштироки шумо метавонад чунин маълумотро ошкор ё нишон диҳад, мо инчунин, вобаста ба вазъият, ба шартҳои махсуси мувофиқ такя мекунем — аз қабили розигии возеҳ, маълумоте, ки шумо ошкоро дастрас кардаед, манфиати назарраси ҷамъиятӣ ё дигар шартҳои амалкунандаи қонунгузории ҳифзи маълумот.
Барои пешниҳоди курсҳои таълими ҳуқуқи башар, чорабиниҳо ё дигар хизматрасониҳое, ки шумо барои онҳо сабти ном мекунед. Мо барои ин ба шартнома, иқдомҳои пеш аз бастани шартнома, дар ҳолатҳои зарурӣ ба розигӣ ва манфиатҳои қонунӣ дар пешниҳод ва такмил додани ин хизматрасониҳо такя мекунем.
Посух додан ба паёмҳои шумо
Барои посух додан ба пурсишҳо, шикоятҳо ва дархостҳои шумо. Мо ба манфиатҳои қонунии худ дар мавриди посух додан ба одамоне, ки бо мо тамос мегиранд, инчунин ба уҳдадориҳои ҳуқуқӣ такя мекунем, агар қонун аз мо посух додан ё нигоҳ доштани сабтҳоро (ҳуҷҷатҳоро) талаб кунад.
Навсозиҳои маърака
Барои ирсоли навсозиҳои маърака, дархостҳо барои ҷамъоварии маблағ, хабарномаҳо ва дигар паёмҳои маркетингӣ. Мо дар ҳолатҳои зарурӣ ба розигӣ такя мекунем ва дар ҳолатҳое, ки қонун иҷозат медиҳад, метавонем ба манфиатҳои қонунӣ такя намоем. Шумо метавонед дар ҳар лаҳза аз гирифтани чунин паёмҳо даст кашед.
Узвият
Барои идора кардани изҳори таваҷҷӯҳи шумо ба ҳамроҳшавӣ ба Авфи Байналмилал ва идора кардани узвияти байналмилалӣ дар ҳолатҳои дахлдор. Мо ба шартнома, иқдомҳои пеш аз бастани шартнома, манфиатҳои қонунӣ ва, дар ҳолатҳои дахлдор, ба уҳдадории қонунӣ такя мекунем.
Ҷамъоварии маблағ
Барои коркарди хайрия ва дигар пардохтҳо, фиристодани квитансия (расид), идоракунии сабтҳои пардохт ва пешгирии қаллобӣ. Мо ба шартнома, уҳдадории ҳуқуқӣ ва манфиатҳои қонунӣ такя мекунем. Мо инчунин метавонем маълумоти пардохтро барои риояи талаботи молиявӣ, андозӣ, аудиторӣ ва зидди шустушӯи пул истифода барем.
Ҷалби кормандон
Барои арзёбӣ ва идора кардани аризаҳо оид ба ҷойҳои корӣ, фаъолияти ихтиёрӣ (волонтёрӣ), таҷрибаомӯзӣ ва дигар аризаҳои шабеҳ. Мо барои ҷалби одилона ва самараноки кадрҳои мувофиқ ба иқдомҳои пеш аз бастани шартнома, иҷрои шартнома, уҳдадории ҳуқуқӣ ва манфиатҳои қонунии худ такя мекунем.
Барои мониторинги гуногунрангӣ, фарогирӣ ва таъмини баробарии имкониятҳо дар раванди ҷалби кормандон. Дар ҳолатҳои имконпазир, мо одатан маълумоти беном ё ҷамъбастшударо истифода мебарем. Дар ҳолате, ки маълумоти муайяншавандаи категорияи махсус истифода мешавад, мо ба розигии возеҳи шумо ё дигар асоси дахлдори қонунгузории ҳифзи маълумот такя мекунем — аз ҷумла, дар мавридҳои татбиқшаванда, ба манфиати назарраси ҷамъиятӣ барои мониторинги баробарӣ.
Ҳифз ва такмили хизматрасониҳои онлайнии мо
Барои таъмини бехатарии сомонаҳо, низомҳо, кормандон ва маълумоти худ, аз ҷумла пешгирии сӯиистифода, қаллобӣ, ҳодисаҳои киберамниятӣ ва дастрасии ғайримуҷоз. Мо ба манфиатҳои қонунӣ ва, дар ҳолатҳои дахлдор, ба уҳдадории қонунӣ такя мекунем.
Барои таҳлил ва такмили сомонаҳо, маъракаҳо, хизматрасониҳо ва иртибототи мо. Барои ин мо ба манфиатҳои қонунии худ такя мекунем ва, дар ҳолатҳое ки истифодаи кукиҳо ё технологияҳои шабеҳи ихтиёрӣ розигиро талаб мекунад, ба розигии шумо низ такя мекунем.
Талаботи ҳуқуқӣ ва идоракунӣ
Барои мубодилаи маълумот дар дохили ҳаракати Авфи Байналмилал ва бо провайдерони хизматрасон, дар ҳолатҳое ки барои иҷрои кори мо зарур аст. Вобаста ба вазъият, мо ба манфиатҳои қонунии худ, иҷрои шартнома, уҳдадориҳои қонунӣ ё розигии шумо такя мекунем.
Барои муқаррар кардан, амалӣ намудан ё дифоъ кардани даъвоҳои ҳуқуқӣ, риояи амрҳои суд, посух додан ба дархостҳои қонунии мақомот ва иҷрои уҳдадориҳои танзимкунанда ё қонунӣ. Барои ин мо ба уҳдадориҳои қонунӣ, манфиатҳои қонунии худ ва, дар мавридҳои дахлдор, ба манфиати ҷамъиятӣ ё асосҳои ҳуқуқии марбут ба даъвоҳои ҳуқуқӣ такя мекунем.
Дар мавридҳои камназир, мо метавонем маълумоти шахсиро истифода барем, агар ин барои ҳифзи ҳаёт ё манфиатҳои ҳаётан муҳими шахсе зарур бошад, масалан дар ҳолати фавқулода, ё барои амалӣ намудани мақсади муҳими ҷамъиятие, ки қонун онро эътироф кардааст.
Маълумоти категорияи махсус ва маълумот дар бораи ҳуқуқвайронкуниҳои ҷиноятӣ
Маълумоти категорияи махсус ба ҳифзи иловагӣ ниёз дорад. Баъзе намудҳои ҳамкории шумо бо мо метавонанд маълумоти ҳассосро дар бораи шумо ошкор ё эҳтимолан нишон диҳанд, аз ҷумла ақидаҳои сиёсӣ, эътиқод, таваҷҷуҳ ба маъракаҳо, нигарониҳо оид ба ҳуқуқи башар, таҷрибаи шахсӣ, вазъи саломатӣ, маъюбият, мансубияти нажодӣ ё қавмӣ, дин ё эътиқод, ҳаёти ҷинсӣ ё гароиши ҷинсӣ. Масалан, чунин ҳолат метавонад ҳангоми имзо кардани аризаи дастаҷамъона, иштирок дар иқдоми маъракавӣ, тамос гирифтан бо мо оид ба масъалаи ҳуқуқи башар, нақл кардани вазъияти шахсии худ, иштирок дар ягон фаъолият, пешниҳоди дархост барои кор ё дигар вазифа, ё ихтиёран пешниҳод намудани маълумот дар бораи гуногунрангӣ ба вуҷуд ояд.
Мо маълумоти категорияи махсусро танҳо дар ҳолатҳое истифода мебарем, ки истифодаи он мувофиқ, зарур ва мутаносиб бошад ва танҳо дар сурате, ки ҳам асоси ҳуқуқӣ ва ҳам яке аз шартҳои махсуси пешбининамудаи UK GDPR, EU GDPR ё дигар қонунгузории татбиқшавандаи ҳифзи маълумотро дошта бошем. Вобаста ба вазъият, ин метавонад розигии ошкорои шумо, қонунгузорӣ дар соҳаи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоӣ, манфиати муҳими ҷамъиятӣ, мониторинги баробарӣ, ҳифзи ҳаёт ё манфиатҳои ҳаётан муҳими шахс, маълумоте, ки шумо худ ба таври равшан дастраси омма гардонидаед, даъвоҳои ҳуқуқӣ ё дигар шарти татбиқшавандаи пешбининамудаи қонунгузории ҳифзи маълумотро дар бар гирад.
Мо эътироф мекунем, ки маълумот дар бораи дастгирии шумо аз Авфи Байналмилал, иштироки шумо дар маъракаҳо, аризаҳои дастаҷамъона ё дигар иқдомҳо, инчунин масъалаҳои ҳуқуқи башар, ки шумо ба онҳо таваҷҷуҳ зоҳир мекунед, метавонад дорои хусусияти ҳассос бошад, бахусус агар он ақидаҳои сиёсӣ, эътиқод, узвият ё робитаҳои шумо ё хатарҳои эҳтимолиро барои шумо ё дигарон ошкор ё эҳтимолан нишон диҳад. Мо ҳангоми муайян кардани он ки кадом маълумотро ҷамъоварӣ кунем, чӣ гуна онро истифода барем, бо кӣ мубодила намоем, то чӣ муддат нигоҳ дорем ва барои ҳифзи он кадом чораҳои муҳофизатиро татбиқ намоем, ин ҳолатҳоро ба назар мегирем.
Дар ҳолатҳое, ки маълумот метавонад барои шахсони алоҳида хатарҳои бештар ба вуҷуд оварад, аз ҷумла барои иштирокчиёни маъракаҳо, ҷонибдорони Авфи Байналмилал, муроҷиаткунандагон, ҳомиёни ҳуқуқи башар, шоҳидон, шахсони осебпазир ё шахсоне, ки дар кишварҳо ё вазъиятҳои дорои хатари баланд қарор доранд, мо метавонем чораҳои иловагии муҳофизатиро татбиқ намоем. Ин чораҳо метавонанд маҳдуд кардани дастрасӣ ба маълумот, маҳдуд кардани мубодилаи он, ба ҳадди ақал расонидани ҳаҷми маълумоти ҷамъоваришаванда ё истифодаи маълумоти беном ё тахаллусишуда дар мавридҳои мувофиқ, бошанд.
Маълумот дар бораи ҳуқуқвайронкуниҳои ҷиноятӣ низ ба ҳифзи иловагӣ ниёз дорад. Мо чунин маълумотро танҳо дар ҳолатҳое истифода мебарем, ки қонун ба ин иҷозат медиҳад ва истифодаи он мувофиқ, мутаносиб ва зарур бошад. Ин метавонад санҷишҳо дар раванди ҷалби кормандон, ҳифзи бехатарӣ, пешгирии қаллобӣ, иҷрои уҳдадориҳои қонунӣ, риояи талаботи мақомоти танзимкунанда ё баррасии даъвоҳои ҳуқуқиро дар бар гирад.
Паёмҳои иттилоотӣ оид ба ҷамъоварии маблағ ва фаъолияти таблиғотӣ
Мо мехоҳем, ки иртибототи мо барои шумо муфид ва эҳтиромомез бошад. Мо метавонем бо шумо дар бораи маъракаҳо ва ташаббусҳои марбут ба ҳуқуқи башар, чорабиниҳо, барномаҳои омӯзишӣ, ҷамъоварии маблағ, узвият ва роҳҳои дастгирии фаъолияти мо тамос гирем.
Дар ҳолатҳое, ки қонун гирифтани розигии шуморо талаб мекунад, мо пеш аз ирсоли паёмҳои электронии таблиғотӣ, паёмҳои марбут ба ҷамъоварии маблағ ё дигар иртибототи электронии шабеҳ аз шумо розигӣ мегирем. Дар ҳолатҳое, ки қонун ба мо иҷозат медиҳад ба манфиатҳои қонунии худ такя кунем, мо ҳамоно ба шумо имкони равшан ва осон медиҳем, то аз гирифтани чунин паёмҳо даст кашед.
Мо метавонем аз баъзе маълумоти маҳдуд дар бораи шумо, аз ҷумла кишвар, забон, афзалиятҳои шумо оид ба тарзи иртибот, маълумот дар бораи ҳамкориҳои қаблӣ, таърихи хайрияҳо, самтҳои мавриди таваҷҷуҳи шумо дар маъракаҳо ё тарзи истифодаи сомонаи мо истифода барем, то иртибототи худро барои шумо бештар мувофиқ гардонем ва аз ирсоли паёмҳои нолозим худдорӣ намоем. Мо қасдан аз маълумоти категорияи махсус, маълумот дар бораи кӯдакон ё маълумот дар бораи шахсони осебпазир барои мақсадҳои таблиғотӣ, таҳлили хусусиятҳои донорҳо ё ҷонибдорон ё гурӯҳбандии аудитория истифода намебарем, магар дар ҳолатҳое, ки қонун ба ин иҷозат медиҳад ва чораҳои дахлдори муҳофизатӣ андешида шудаанд.
Шумо метавонед ҳар вақт аз обуна хориҷ шавед ё афзалиятҳои худро тағйир диҳед. Барои ин метавонед аз пайванди «қатъи обуна» (unsubscribe), ки дар паёмҳои электронии мо ҷойгир аст, истифода баред, аз воситаҳои идоракунии афзалиятҳое, ки мо пешниҳод мекунем, истифода намоед ё тавассути маълумоти тамосие, ки дар охири ин сиёсат оварда шудааст, бо мо тамос гиред. Ҳамчунин, шумо ҳуқуқ доред ба истифодаи маълумоти шахсии худ барои мақсадҳои таблиғоти мустақим, аз ҷумла таҳлили хусусиятҳои шумо (profiling), эътироз намоед. Агар шумо чунин эътироз намоед, мо истифодаи маълумоти шахсии шуморо барои ин мақсадҳо қатъ хоҳем кард.
Агар шумо аз гирифтани паёмҳои таблиғотӣ ё марбут ба ҷамъоварии маблағ даст кашед, мо метавонем ҳамоно барои ирсоли паёмҳои хизматӣ бо шумо тамос гирем. Масалан, мо метавонем ба шумо расиди пардохт ё хайрияро ирсол кунем, ба дархостҳои шумо посух диҳем, маълумотро дар бораи курс ё дархости шумо пешниҳод намоем ё маълумоти муҳимеро, ки ба муносибати шумо бо мо вобаста аст, дар ихтиёратон гузорем.
Мубодилаи маълумоти шахсии шумо
Мо маълумоти шахсии шуморо намефурӯшем. Мо онро танҳо дар ҳолате мубодила мекунем, ки далели дуруст ва чораҳои дахлдори муҳофизатӣ дошта бошем.
Мо метавонем маълумоти шахсиро бо инҳо мубодила кунем:
- дигар қисматҳои ҳаракати ҷаҳонии Авфи Байналмилал, аз ҷумла бахшҳои миллӣ, сохторҳо ва созмонҳои алоқаманд, дар ҳолате ки ин барои пешбурди маъракаҳои мо, посух додан ба хоҳиши шумо барои ҳамроҳ шудан ба Авфи Байналмилал, дастгирии фаъолияти маҳаллӣ ё пешбурди фаъолияти мо дар самти ҳифзи ҳуқуқи башар зарур бошад;
- провайдерҳои хизматрасонӣ, ки аз номи мо маълумоти шахсиро коркард мекунанд, аз ҷумла провайдерҳои хостинги сомонаҳо, провайдерҳои хизматрасониҳои технологияҳои иттилоотӣ, провайдерҳои хизматрасониҳои почтаи электронӣ ва иртиботот, провайдерҳои коркарди хайрияҳо ва пардохтҳо, провайдерҳои курсҳои омӯзишӣ, платформаҳои ҷалби кормандон, провайдерҳои хизматрасониҳои таҳлилӣ ва дигар провайдерҳои хизматрасониҳои дастгирӣ;
- бонкҳо, провайдерҳои пардохт, муассисаҳои дахлдори молиявӣ ва хидматҳои пешгирӣ ё санҷиши қаллобӣ, дар ҳолате ки ин барои коркарди пардохтҳо, пешгирии қаллобӣ ё баррасии амалиётҳои шубҳанок зарур аст;
- провайдерҳои ҷалби кормандон, тавсиядиҳандагон, провайдерҳои санҷиши маълумоти шахсии пешина дар ҳолатҳои дахлдор ва қонунӣ, ва дигар созмонҳое, ки дар раванди ҷалби кормандон иштирок доранд;
- платформаҳои таҳлилӣ, кукиҳо, таблиғотӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ, дар ҳолатҳое, ки қонун иҷозат медиҳад ва мутобиқи интихоби шумо. Ин метавонад воситаҳои «Custom Audience» (аудиторияи фармоишӣ) ё «Lookalike Audience» (аудиторияи шабеҳ)-ро дар бар гирад, ки дар онҳо маълумоте, аз қабили суроғаи почтаи электронӣ, метавонад бо тарзи бехатар муқоиса карда шавад, то муҳтавои Авфи Байналмилал ба дастгирандагони мавҷуда ё эҳтимолӣ нишон дода шавад. Мо ин воситаҳоро танҳо дар ҳолате истифода мебарем, ки барои ин асоси ҳуқуқӣ дошта бошем ва, дар мавридҳои зарурӣ, розигии шумо барои истифодаи кукиҳо ё ирсоли паёмҳои таблиғотиро гирифта бошем. Мо маълумоти шахсии шуморо намефурӯшем ва қасдан аз маълумоти кӯдакон, маълумоти категорияи махсус ё маълумот дар бораи шахсони осебпазир барои ҳадафгирии аудиторияҳои «Custom Audience» ё «Lookalike Audience» истифода намебарем, магар дар ҳолатҳое, ки қонун ба ин иҷозат медиҳад ва чораҳои дахлдори муҳофизатӣ андешида шудаанд.
- мушовирони касбӣ, ширкатҳои суғурта, аудиторҳо ва созмонҳое, ки моро дар самтҳои идоракунии ташкилотӣ, молия, идоракунии хавфҳо, масъалаҳои ҳуқуқӣ ё риояи талаботи қонунгузорӣ дастгирӣ мекунанд; ва
- судҳо, мақомоти танзимкунанда, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мақомоти давлатӣ ё дигар шахсони сеюм, агар инро қонун талаб кунад, агар барои ҳифзи ҳуқуқ, амният ё бехатарии шахсон зарур бошад, ё дар ҳолатҳое ки мо аз нигоҳи қонунӣ имкони асоснок барои худдорӣ аз ифшои маълумот надошта бошем.
Дар ҳолате, ки мо маълумотро бо созмони дигари Авфи Байналмилал мубодила мекунем ва он созмон онро ҳамчун назораткунандаи (контроллери) алоҳида истифода мебарад, он созмон барои истифодаи маълумот аз ҷониби худ масъулият дорад ва сиёсати махфияти худи он метавонад татбиқ шавад.
Дар ҳолате, ки провайдерҳои хизматрасон маълумоти шахсиро аз номи мо коркард мекунанд, мо аз онҳо талаб мекунем, ки маълумотро танҳо тибқи дастури мо истифода баранд, онро бехатар нигоҳ доранд ва талаботи ҳифзи маълумотро риоя намоянд. Баъзе созмонҳое, ки мо бо онҳо маълумот мубодила мекунем, ба монанди платформаҳои таблиғотӣ, таҳлилӣ ё шабакаҳои иҷтимоӣ, метавонанд маълумоти шахсиро инчунин барои мақсадҳои худ, ҳамчун назораткунандаи (контроллери) алоҳида, вобаста ба хидмат ва танзимоти шумо бо онҳо, истифода баранд. Дар ин ҳолат, онҳо барои тарзи истифодаи маълумоти шумо тибқи сиёсати махфияти худ масъул мебошанд.
Интиқоли байналмилалии маълумот
Авфи Байналмилал ҳаракати ҷаҳонӣ мебошад. Мо ва созмонҳое, ки бо онҳо ҳамкорӣ мекунем, метавонанд маълумоти шахсиро дар кишварҳои берун аз Британияи Кабир, Минтақаи Иқтисодии Аврупо ё кишваре, ки шумо дар он зиндагӣ мекунед, коркард намоянд.
Ҳангоми интиқоли байналмилалии маълумоти шахсӣ, мо барои ҳифзи он чораҳои дахлдор меандешем. Дар ҳолатҳое, ки UK GDPR ё EU GDPR татбиқ мешавад, мо аз механизми эътиборноки интиқоли маълумот истифода мебарем. Ин метавонад қарори эътирофи сатҳи кофии ҳифзи маълумот (adequacy decision), муқаррароти эътирофи сатҳи кофии ҳифзи маълумот (adequacy regulation), бандҳои стандартии шартномавӣ (Standard Contractual Clauses), Замимаи Британияи Кабир оид ба интиқоли байналмилалии маълумот (UK International Data Transfer Addendum), Созишномаи байналмилалии интиқоли маълумот (International Data Transfer Agreement) ё дигар кафолат ё истиснои қонунии пешбининамудаи қонунгузории ҳифзи маълумотро дар бар гирад.
Дар ҳолате, ки мо маълумотро бо қисми дигари ҳаракати Авфи Байналмилал берун аз Британияи Кабир ё Минтақаи Иқтисодии Аврупо мубодила мекунем, мо тартиботи мувофиқро истифода мебарем, то маълумот мутобиқи стандарти дахлдори қонунгузории ҳифзи маълумот коркард шавад.
Сомонаҳои тарафи сеюм ва муҳтавои ҷойгиршуда
Сомонаҳои мо метавонанд ба сомонаҳо, барномаҳо ё муҳтавои ҷойгиршудаи тарафи сеюм пайванд дошта бошанд. Инҳо метавонанд сомонаҳо ё барномаҳое дар бар гиранд, ки аз ҷониби бахшҳои Авфи Байналмилал, созмонҳои алоқаманд ё дигар тарафҳои сеюм идора карда мешаванд. Ин сиёсат ба хидматҳое, ки мо назорат намекунем, аз қабили дигар сомонаҳои ҳаракати Авфи Байналмилал, ки аз ҷониби Котиботи Байналмилалӣ идора, моликият ё фаъолият карда намешаванд, дахл надорад. Он созмонҳо метавонанд сиёсати махфияти худро дошта бошанд.
Кӯдакон ва ҷавонон
Сомонаҳо, маъракаҳо ва фаъолиятҳои мо махсусан барои кӯдакон пешбинӣ нашудаанд. Бо вуҷуди ин, мо эътироф мекунем, ки кӯдакон ва ҷавонон метавонанд дар фаъолияти мо иштирок намуда, онро дастгирӣ кунанд.
Агар шумо ҳанӯз ба синни 13 нарасида бошед, шумо набояд маълумоти шахсии худро ба мо пешниҳод кунед, магар он ки падар, модар ё васии қонунӣ розигии худро дода бошад.
Агар синни шумо аз 13 то 18 сол бошад, шумо метавонед дар маъракаҳо ва фаъолиятҳои мо иштирок кунед, аммо мо тавсия медиҳем, ки пеш аз мубодилаи маълумоти шахсии худ падару модар ё васии қонунии худро дар ҷараён гузоред ё бо онҳо машварат кунед. Дар чунин ҳолатҳо мо инчунин метавонем барои ҳифзи маълумоти шумо чораҳои иловагии муҳофизатиро татбиқ намоем.
Дар ҳолатҳое, ки мо барои истифодаи маълумоти шахсӣ ба розигии шумо такя мекунем, мо чораҳои мувофиқро меандешем, то итминон ҳосил намоем, ки ин розигӣ эътибор дорад. Дар мавридҳои зарурӣ, ин метавонад гирифтани розигӣ аз падару модар ё васии қонунӣ ё тасдиқи мавҷудияти чунин розигиро дар бар гирад.
Мо ҳангоми коркарди маълумоти шахсии кӯдакон эҳтиёткории иловагӣ зоҳир менамоем. Хусусан, мо:
- танҳо маълумоти шахсиеро ҷамъоварӣ ва истифода мекунем, ки зарур ва мутаносиб аст;
- маълумотро оид ба махфият ба таври равшан ва мутобиқ ба синну соли онҳо пешниҳод мекунем;
- манфиатҳои беҳтарини кӯдакро ба эътибор мегирем;
- ҳангоми иштироки кӯдакон дар маъракаҳо, фаъолиятҳои таълимӣ, чорабиниҳо ва паёмҳои мо чораҳои иловагии ҳифзиро татбиқ менамоем;
- маълумоти шахсии кӯдаконро барои профилсозӣ ё маркетинг истифода намебарем, агар ин беадолатона, гумроҳкунанда ё номувофиқ бошад.
Дар баъзе ҳолатҳо, мо метавонем пеш аз он ки ба кӯдак иҷозати иштирок дар баъзе фаъолиятҳоро диҳем ё пеш аз ҷамъоварӣ ё истифодаи маълумоти шахсии ӯ, иштироки падару модар ё васии қонуниро талаб намоем. Ҳамчунин, дар ҳолатҳое ки татбиқи чораҳои дахлдори муҳофизатӣ имконнопазир бошад, мо метавонем дастрасӣ ба баъзе имкониятҳо ё хизматрасониҳоро маҳдуд намоем.
Агар ба мо маълум гардад, ки мо маълумоти шахсии кӯдакро бе гирифтани розигии зарурӣ ҷамъоварӣ кардаем, мо барои ҳарчи зудтар, то ҳадде ки оқилона ва амалан имконпазир бошад, нест кардани он чораҳои зарурӣ меандешем.
Кӯдакон, падару модарон ва васиёни қонунӣ метавонанд ҳар вақт барои додани саволҳо ё истифода аз ҳуқуқҳои худ дар соҳаи ҳифзи маълумот бо мо тамос гиранд.
Амният
Мо барои ҳифзи маълумоти шахсӣ чораҳои мувофиқи техникӣ ва ташкилотиро татбиқ менамоем. Ҳадафи ин чораҳо таъмини амният, саҳеҳӣ ва дастрас будани маълумот танҳо барои шахсоне мебошад, ки барои иҷрои вазифаҳои худ ба он ниёз доранд. Ба ин чораҳо назорати дастрасӣ, нигоҳдории маълумот, коркарди пардохтҳо, идоракунии хизматрасониҳои провайдерҳои тарафи сеюм ва таъмини амнияти низомҳо дохил мешаванд.
Мо инчунин барои коркарди пардохтҳо тавассути провайдерҳои хизматрасониҳои пардохтии худ аз низомҳои бехатар истифода мебарем. Ҳеҷ гуна интиқоли маълумот тавассути интернет наметавонад комилан бехатар бошад. Бо вуҷуди ин, мо барои ҳифзи маълумоти шахсӣ чораҳои зарурӣ меандешем ва дар сурати ба вуҷуд омадани мушкилоти амниятӣ ба таври муносиб вокуниш нишон медиҳем.
Муҳлати нигоҳдории маълумоти шахсӣ
Мо маълумоти шахсиро танҳо то он муддате нигоҳ медорем, ки барои мақсадҳои дар ин сиёсат тавсифшуда зарур бошад. Пас аз он, мо маълумотро ҳазф мекунем, онро беном мегардонем ё танҳо он қисмати маълумотро нигоҳ медорем, ки барои мақсадҳои ҳуқуқӣ, ҳисоботдиҳӣ, бойгонӣ, таҳқиқотӣ ё таҳлилӣ зарур аст.
Муҳлати нигоҳдории маълумот аз навъи маълумот, сабаби ҷамъоварии он, идома доштани ҳамкории шумо бо мо, зарурати истифодаи он барои пешниҳоди хизматрасонӣ ё идоракунии муносибатҳои мо бо шумо, инчунин аз он вобаста аст, ки оё мо тибқи қонун вазифадорем онро барои мақсадҳои ҳуқуқӣ, молиявӣ, аудитӣ, андозӣ, танзимкунанда, меҳнатӣ, ҳифзи бехатарӣ, ҳалли баҳсҳо ё ҳамчун далел нигоҳ дорем.
Масалан, маълумоти марбут ба хайрияҳо метавонад бо сабабҳои молиявӣ ва аудитӣ нигоҳ дошта шавад. Маълумоти марбут ба ҷалби кормандон метавонад барои идоракунии дархостҳо, посух додан ба дархостҳо ё ҳифзи ҳуқуқҳои қонунӣ нигоҳ дошта шавад. Маълумоти марбут ба сомона ва кукиҳо метавонад вобаста ба технология ва мақсади истифода барои муҳлатҳои кӯтоҳтар ё дарозтар нигоҳ дошта шавад, ки тафсилоти он дар Изҳороти мо оид ба кукиҳо шарҳ дода шудааст.
Мо метавонем, агар шумо аз гирифтани паёмҳои таблиғотӣ ё марбут ба ҷамъоварии маблағ даст кашед, маълумоти маҳдуди заруриро барои сабти ин интихоб (suppression records) нигоҳ дорем, то интихоби шуморо эҳтиром намоем. Ҳамчунин, мо метавонем маълумоти маҳдуди марбут ба аризаҳои дастаҷамъона, иқдомҳои маъракаҳо, хайрияҳо, шикоятҳо ё дархостҳои марбут ба амалисозии ҳуқуқҳои шумо нигоҳ дорем, агар ин барои мақсадҳои ҳисоботдиҳӣ, ҳуқуқӣ, аудитӣ ё ҳамчун далел зарур бошад.
Маълумоти марбут ба дархостҳои номуваффақ барои ҷалби кормандон то се сол пас аз анҷоми раванди интихоб нигоҳ дошта мешавад, магар дар ҳолатҳое, ки қонун барои мавриди мушаххас муҳлати дарозтарро талаб ё иҷозат диҳад.
Ҳуқуқҳои шумо дар соҳаи махфият
Маълумоти шахсие, ки мо дар бораи шумо нигоҳ медорем, маълумоти шумост. Вобаста ба маҳалли истиқомати шумо ва тарзи истифодаи маълумоти шумо аз ҷониби мо, тибқи UK GDPR, EU GDPR ё дигар қонунгузории татбиқшавандаи ҳифзи маълумот, шумо метавонед аз ҳуқуқҳои зерин бархӯрдор бошед.
- огоҳ шудан аз тарзи истифодаи маълумоти шахсии худ аз ҷониби мо;
- дархост кардани нусхаи маълумоти шахсие, ки мо дар бораи шумо нигоҳ медорем;
- дархост кардани ислоҳи маълумоти нодуруст ё нопурра;
- дархост кардани несткунии маълумоти худ;
- дархост кардани маҳдудкунии тарзи истифодаи маълумоти худ аз ҷониби мо;
- эътироз кардан ба тарзи истифодаи маълумоти худ аз ҷониби мо, аз ҷумла дар ҳолате, ки мо ба манфиатҳои қонунӣ такя мекунем;
- дар ҳар вақт эътироз кардан ба маркетинги мустақим, аз ҷумла паёмҳои ҷамъоварии маблағ ва профилсозии марбута;
- дархост кардани интиқоли маълумоте, ки шумо ба мо пешниҳод кардаед, ба худи шумо ё ба созмони дигар, дар ҳолате ки ҳуқуқи интиқолпазирии маълумот татбиқ мешавад;
- дар ҳар вақт бозпас гирифтани розигии худ, дар ҳолате ки мо ба розигӣ такя мекунем. Ин ба ҳеҷ амале, ки мо пеш аз бозпасгирии розигии шумо қонунан анҷом додаем, таъсир нахоҳад расонд; ва
- ҳуқуқҳои марбут ба қабули қарорҳои худкор ва профилсозӣ, дар ҳолатҳои дахлдор.
Ин ҳуқуқҳо мутлақ нестанд. Баъзан мо метавонем ба нигоҳдорӣ ё истифодаи маълумот ниёз дошта бошем, масалан барои иҷрои уҳдадории қонунӣ, ҳифзи ҳуқуқҳо, баррасии шикоят ё муқаррар кардан, амалӣ намудан ё дифоъ кардани даъвоҳои ҳуқуқӣ. Агар мо натавонем дархости шуморо иҷро кунем, мо, дар ҳолати имконпазир, сабабашро шарҳ хоҳем дод.
Мо танҳо дар асоси коркарди худкори маълумот, аз ҷумла таҳлили хусусиятҳои шахсӣ (profiling), қарорҳое қабул намекунем, ки барои шумо оқибатҳои ҳуқуқӣ ё дигар оқибатҳои ба ҳамин андоза муҳим дошта бошанд, магар дар ҳолатҳое ки мо шуморо аз ин пешакӣ огоҳ намуда бошем ва қонун ба мо чунин амалро иҷозат диҳад.
Изҳороти махфият дар раванди ҷалби кормандон
Авфи Байналмилал ӯҳдадор аст, ки дар давоми раванди ҷалби кормандон бо маълумоти шахсӣ бо масъулият муносибат намояд.
Мо маълумотеро, ки шумо дар аризаи худ пешниҳод мекунед, барои идораи раванди ҷалби кормандон ва интихоб истифода мебарем. Ин метавонад арзёбии мувофиқати шумо, ташкили мусоҳиба ё арзёбиҳо, санҷиши маълумоти пешниҳодкардаи шумо, барқарор кардани иртибот бо шумо, қабули қарор оид ба аризаи шумо, иҷрои уҳдадориҳои қонунӣ ва ҳифзи ҳуқуқҳои қонунии моро дар бар гирад.
Мо метавонем провайдерҳои ҷалби кормандонро барои идораи аризаҳо ва равандҳои марбута ҷалб намоем. Мо маълумоти шуморо оид ба раванди ҷалби кормандон ба дигар тарафҳои сеюм бидуни далели дуруст ошкор намекунем, ба монанди розигии шумо, талаботи қонунӣ, идораи раванди ҷалби кормандон, санҷиши тавсияномаҳо, ҳифзи бехатарӣ, даъвоҳои ҳуқуқӣ ё дигар асоси ҳуқуқии дар ин сиёсат тавсифшуда.
Агар шумо ихтиёран маълумотро оид ба гуногунрангӣ ва баробарии имкониятҳо, аз қабили ҷинс, синну сол, гароиши ҷинсӣ, дин ё эътиқод, уҳдадориҳои нигоҳубин, маъюбӣ, мансубияти қавмӣ ва минтақавӣ пешниҳод намоед, мо онро барои мониторинги баробарӣ, гуногунрангӣ ва фарогирӣ истифода мебарем. Дар ҳар мавриде, ки имконпазир бошад, мо аз маълумоти беном ё ҷамъбастшуда истифода мебарем.
Мо инчунин метавонем маълумоти категорияи махсус ва маълумоти оид ба ҳуқуқвайронкунии ҷиноятиро коркард намоем, дар ҳолате ки ин ба раванди ҷалби кормандон дахл дорад ва қонун инро иҷозат медиҳад. Ин метавонад назорати баробарӣ, мутобиқсозиҳои оқилона, санҷиши ҳуқуқи кор, ҳифзи бехатарӣ, арзёбии мувофиқат барои вазифа, уҳдадориҳои қонунӣ ё даъвоҳои ҳуқуқиро дар бар гирад.
Дар доираи пешниҳоди дархости қабул ба кор мумкин аст аз шумо хоҳиш карда шавад, ки изҳоротеро тасдиқ намоед. Дар ин изҳорот метавонад қайд шавад, ки маълумоти дар аризаи шумо пешниҳодшуда дуруст ва пурра аст; қасдан пинҳон кардани маълумот, сохтакорӣ ё пешниҳоди маълумоти бардурӯғ метавонад боиси рад шудани ариза ё қатъ гардидани муносибатҳои меҳнатӣ гардад; мо метавонем, дар ҳолатҳои дахлдор, барои аниқ намудани маълумоти марбут ба бақайдгирии касбии шумо маълумоти иловагӣ дархост намоем; инчунин мо метавонем маълумоти шахсии шуморо мутобиқи шартҳои махфияти дар ин сиёсат пешбинишуда коркард намоем.
Тарзи тамос бо мо ё амалисозии ҳуқуқҳои шумо
Агар шумо хоҳед, ки ҳуқуқҳои худро амалӣ намоед, саволе дошта бошед ё вобаста ба ин сиёсат нигаронӣ ё масъалаеро матраҳ созед, метавонед бо мо бо яке аз роҳҳои зерин тамос гиред:
- Тавассути почта: Amnesty International Limited, International Secretariat, 1 Easton Street, London, WC1X 0DW, UK.
- Тавассути почтаи электронӣ: [email protected]
- Тавассути телефон:+44 (0) 20 7413 5500
Шикоятҳо
Агар шумо аз тарзи муносибати мо бо маълумоти шахсии худ норозӣ бошед, лутфан бо истифода аз маълумоти дар боло овардашуда бо мо тамос гиред. Лутфан маълумоти кофӣ пешниҳод намоед, то мо шикояти шуморо фаҳмида тавонем. Мо гирифтани шикоятҳоро дар давоми 30 рӯз тасдиқ хоҳем кард. Мо чораҳои мувофиқро барои посух додан ба шикоятҳо бидуни таъхир меандешем, шуморо дар бораи пешрафти шикоятатон огоҳ нигоҳ медорем ва дар бораи натиҷа ба шумо хабар медиҳем.
Шумо инчунин ҳуқуқ доред ба мақоми назоратии ҳифзи маълумот шикоят кунед. Дар Британияи Кабир, ин мақом Идораи Комиссари Иттилоот (Information Commissioner’s Office) мебошад:
- Вебсайт: https://ico.org.uk/global/contact-us/
- Телефон: 0303 123 1113
Агар EU GDPR ба тарзи истифодаи маълумоти шумо аз ҷониби мо татбиқ шавад, шумо инчунин метавонед ба мақоми назоратии кишвари узви ИА, ки дар он зиндагӣ мекунед, кор мекунед ё гумон мекунед, ки мушкилот дар он ҷо рух додааст, шикоят кунед.

