Сиёсати корбурди маълумоти шахсӣ

Муқаддима

Авфи Байналмилал ӯҳдадор аст, ки махфияти ҳамаи корбарони худро таъмин намояд. Мо дар тӯли солҳои зиёд ҷонибдори ҳуқуқи шахс ба дахолатнопазирӣ буда, бар зидди назорат ва дахолати ҳукуматҳо мубориза бурдаем.Ин сиёсат ӯҳдадории моро ҳамчун як созмон нисбат ба ҳуқуқи шумо ба махфият инъикос мекунад ва ба таври возеҳ мефаҳмонад, ки чӣ гуна мо маълумоти шуморо истифода мебарем ва шумо кадом ҳуқуқҳоро нисбат ба ин маълумот доред.

Ин сиёсат ба ҳамаи низомҳои онлайне, ки аз ҷониби Афви Байналмилал Лимитед тавассути сомонаи www.amnesty.org ва дигар сомонаҳои мо ба мардум пешниҳод мешаванд, татбиқ мегардад.

Ишораҳои «мо», «ба мо» ва «моро» ба Афви Байналмилал Лимитед дахл доранд — ширкате, ки ҳамчун воҳиди асосии амалиётии Дабирхонаи Байналмилалии Афви Байналмилал фаъолият мекунад ва дар Англия ва Уэлс бо мақоми ширкат бо масъулияти маҳдуд ба қайд гирифта шудааст (рақами бақайдгирӣ 01606776).

Афви Байналмилал Лимитед ташкилоти расмиест, ки масъули идора ва ҳифзи маълумоти шахсӣ мебошад, ки ин сиёсат ба он дахл дорад.Маълумоти пурраи тамоси моро метавонед дар охири ин ҳуҷҷат пайдо кунед. Агар дар бораи ин сиёсат саволе дошта бошед, метавонед бо мо дар тамос шавед.

Мо кадом намуди маълумотро ҷамъ мекунем ва чӣ гуна онро ҷамъоварӣ менамоем?

The type and amount of information we receive and store depends on how you use our websites. You can access most of the pages on our websites without telling us who you are and without revealing any personal information, other than your IP address.

Навъи ва ҳаҷми маълумоте, ки мо қабул ва нигоҳ медорем, ба он вобаста аст, ки шумо сомонаҳои моро чӣ гуна истифода мебаред. Шумо метавонед ба аксари саҳифаҳои сомонаҳои мо дастрасӣ пайдо кунед бидуни пешниҳоди маълумоти шахсӣ ё ошкор кардани шахсияти худ, ба истиснои суроғаи IP, ки ба таври худкор сабт мегардад.

Серверҳои сомонаи мо ҳангоми боздиди корбарон кукиҳо (cookies) истифода мебаранд ва сабтҳои фаъолиятро ҷамъ мекунанд. Ин маълумот барои беҳтар кардани кори сомона дар оянда арзишманд аст. Барои маълумоти бештар, ба саҳифаи алоҳидаи Кукиҳо муроҷиат кунед.

Мо маълумоти шахсиро, ки метавонад суроғаи IP-и шуморо низ дар бар гирад, ба роҳҳои зерин ҷамъ мекунем:

  • Вақте ки шумо барои амалҳои онлайнӣ номнавис мекунед ё хоҳиши узв шудан дар созмони байналмилалии моро изҳор менамоед.
  • Вақте ки шумо ба созмони мо хайрия мекунед.
  • Вақте ки шумо барои курсҳои омӯзиши ҳуқуқи инсон номнавис мекунед.
  • When you participate in other online campaigns or activities for example Amnesty Decoders
  • Вақте ки шумо дар дигар маъракаҳо ё фаъолиятҳои онлайнӣ, масалан дар лоиҳаи Amnesty Decoders, иштирок мекунед.
  • Вақте ки шумо барои ҷойи кор ё имконияти ихтиёркорӣ дар Афви Байналмилал дархост медиҳед.

Агар шумо ихтиёран маълумоти шахсии худро пешниҳод кунед, мо метавонем маълумоти зеринро ҷамъ кунем:

  • Ном ва насаб
  • Синну сол
  • Суроға
  • Суроғаи почтаи электронӣ (email)
  • Рақами телефон
  • Тафсилоти корти кредитӣ (рамзгузорӣ шуда, танҳо ба таъминкунандагони пардохт фиристода мешавад ва дар Афви Байналмилал нигоҳ дошта намешавад)
  • Маълумоте, ки барои пешниҳоди дархост ба ҷойи кор ё ихтиёркорӣ пешниҳод мешавад, аз ҷумла: ҷинс, миллат, тамоюли ҷинсӣ, маъюбият ва маълумот дар бораи маҳкумиятҳои ҷиноятӣ

Мо маълумоти ҷамъоваришударо чӣ гуна истифода мебарем?

Мо маълумоти шахсии шуморо, ки тавассути сомонаҳои худ ҷамъоварӣ мекунем, барои ҳадафҳои зерин истифода мебарем:

  • Барои иҷрои амалҳои тавассути почтаи электронӣ ё тартиб додани муроҷиатномаҳо(петисияҳо)
  • Барои огоҳ кардани шумо дар бораи маъракаҳо ва фаъолиятҳои мо
  • Барои дархости хайрия ё ҷалби иштироки шумо дар маъракаҳои мо
  • Барои коркарди дархости шумо оид ба ҳамроҳ шудан ба Афви Байналмилал
  • Барои идора ва танзими узвияти шумо дар Афви Байналмилал
  • Барои коркарди хайрияҳое, ки шумо ба мо месупоред
  • Барои баррасӣ ва пешбурди дархостҳои шумо барои ҷойҳои корӣ ё имкониятҳои ихтиёркорӣ дар ташкилоти мо
  • Барои назорат ва таҳлили гуногунрангии довталабон барои ҷойҳои корӣ ё ихтиёркорӣ
  • Барои мубодила кардани маълумоти шумо бо дигар воҳидҳои Афви Байналмилал ё бо шарикони боэътимоди тарафи сеюм (тафсилоти бештар дар зер оварда шудаанд)
  • Барои беҳтарсозии сомонаҳои мо
  • Барои иҷрои уҳдадориҳои ҳуқуқие, ки қонун талаб мекунад

Асоси ҳуқуқии коркарди маълумот

Қонуни ҳифзи маълумот аз мо талаб мекунад, ки барои коркарди маълумоти шахсии шумо асоси ҳуқуқии мувофиқ дошта бошем. Мо вобаста ба навъи маълумот ва тарзи коркарди он аз асосҳои ҳуқуқии зерин истифода мебарем:

Розигӣ

Мо барои ирсоли паёмҳои иттилоотӣ ва ахбори худ ба шумо — масалан, барои фиристодани почтаи электронӣ дар бораи фаъолиятҳо, маъракаҳо ва дархости хайрия — розигии шуморо талаб мекунем. Мо маълумоти шуморо танҳо дар сурати доштани розигии шумо ба ин тарз коркард мекунем. Агар шумо барои дарёфти ҷойи кор дар ташкилоти мо дархост пешниҳод намоед ва маълумоти ҳассоси шахсӣ (аз ҷумла маълумот дар бораи миллат, нажод ё ҷинс) пешниҳод кунед, чунин маълумот танҳо бо розигии шумо коркард мегардад.

Манфиати қонунӣ

Баъзан мо маълумоти шахсии шуморо бо дигар бахшҳои ҳаракати ҷаҳонии Афви Байналмилал мубодила мекунем (нигаред ба шарҳи зер). Ин амал бо ҳадафи таъмин ва татбиқи манфиати қонунии мо анҷом дода мешавад — яъне, таблиғ ва муаррифии муассири созмон ва расонидани паёми мо ба онҳое, ки метавонанд ба масъалаҳои ҳуқуқи инсон таваҷҷуҳ дошта бошанд.

Барои иҷрои ӯҳдадориҳои шартномавӣ

Агар шумо ба мо хайрия кунед ё хоҳиши ҳамроҳ шудан ба ҳаракати моро баён намоед, мо маълумоти шахсии пешниҳодкардаи шуморо барои анҷом додани равандҳои марбут ба хайрия ё баррасии дархости узвиятатон коркард мекунем.

Ӯҳдадории ҳуқуқӣ

Мо маълумоти шахсии шуморо барои иҷрои ӯҳдадориҳое, ки тибқи қонун бар дӯши мо гузошта шудаанд, аз ҷумла пешгирии қаллобӣ ё шустушӯи пул, коркард мекунем. Ҳамчунин, агар мақомоти қонунӣ ё додгоҳ тибқи тартиботи қонунӣ аз мо инро талаб намоянд, мо маълумоти шахсии шуморо мутобиқи қонун коркард хоҳем кард.

Зарурият

Масалан, агар шумо барои кор ё имконияти ихтиёрӣ (волонтёрӣ) дар созмони мо дархост пешниҳод намоед, коркарди баъзе маълумот барои ҳадафҳои марбут ба ҷалб ва идоракунии кормандон зарур мебошад.

Амният

Мо чораҳои мувофиқ ва зарурии амниятиро меандешем, то иттилооти шуморо бехатар, дақиқ ва нав нигоҳ дорем. Ҳамчунин, мо итминон ҳосил менамоем, ки системаҳои коркарди пардохт тавассути провайдери хизматрасонии пардохти мо боэътимод ва муҳофизатшуда мебошанд. Бо вуҷуди ин, интиқоли иттилоот тавассути интернет ҳеҷ гоҳ пурра бехатар нест. Аз ин рӯ, ҳарчанд мо тамоми кӯшишро барои ҳифзи маълумоти шахсии шумо ба харҷ медиҳем, наметавонем амнияти пурраи иттилооте, ки ба сомонаҳои мо ирсол мегардад, кафолат диҳем.

Сомонаҳои тарафи сеюм

Дар сомонаи мо баъзан истинодҳо ба сомонаҳо ё барномаҳои тарафи сеюм, инчунин мундариҷаи ҷойгиршуда аз чунин манбаъҳо мавҷуданд (ин дар саҳифаи дахлдор шарҳ ё қайд карда мешавад). Ин сиёсат ба он саҳифаҳо ё барномаҳое, ки аз ҷониби ташкилотҳои дигар мизбонӣ ё идора карда мешаванд, дахл надорад. Ба онҳо сомонаҳо ва барномаҳои бахшҳои Афви Байналмилал, ташкилотҳои ҳамкор ё вобаста, инчунин дигар сомонаҳои тарафи сеюм дохил мешаванд. Чунин сомонаҳо метавонанд сиёсати махфияти худро дошта бошанд, ки танҳо ба худи онҳо татбиқ мегардад.

Мубодилаи маълумоти шахсии шумо

Мо маълумоти шахсии шуморо танҳо дар ҳолатҳои мушаххас мубодила мекунем:

Мубодила бо бахшҳои дигари ҳаракати ҷаҳонии Афви Байналмилал

Афви Байналмилал Лимитед як қисми ҳаракати ҷаҳонии Афви Байналмилал мебошад, ки аз зиёда аз 60 созмони узв иборат аст. Ин созмонҳо барои аз байн бурдани поймолкунии ҳуқуқи инсон дар саросари ҷаҳон, аз ҷумла дар Британияи Кабир, фаъолият мекунанд. Баъзе аз ин ниҳодҳо расман ба қайд гирифта шудаанд, дар ҳоле ки дигарон шакли расмии сабтином надоранд. Мо метавонем маълумоти шуморо бо ин созмонҳо мубодила намоем, то онҳо тавонанд онро дар доираи фаъолияти қонунии худ истифода баранд. Масалан, агар шумо хоҳиши узв шудан ба Афви Байналмилал ё имзои муроҷиатномаро изҳор карда бошед, мумкин аст маълумоти тамосии шумо бо бахши маҳаллии Афви Байналмилал мубодила шавад. Дар ҳолате ки мубодилаи чунин маълумот интиқоли он берун аз Иттиҳоди Аврупоро дар бар гирад, мо чораҳои шартномавии заруриро меандешем, то итминон ҳосил гардад, ки маълумоти шумо тибқи меъёрҳои Иттиҳоди Аврупо ҳифз ва коркард мешавад.

Шартҳои ҷойгиркунӣ ва коркарди маълумот

Сомонаҳои мо тавассути хизматрасонҳои техникии тарафҳои сеюм ҷойгир ва дастгирӣ карда мешаванд. Ин маънои онро дорад, ки ҳар гуна маълумоти шахсӣ, ки шумо тавассути сомонаҳои мо пешниҳод мекунед, метавонад аз ҷониби ин провайдерҳои беруна аз номи мо коркард шавад. Ин метавонад суроғаи IP ва дигар маълумоте, ки шумо бо хоҳиши худ ворид мекунед (масалан, ҳангоми имзои муроҷиатнома), дар бар гирад.

Дар баъзе ҳолатҳо, маълумоти шумо метавонад аз ҷониби тарафҳои сеюм бо мо мубодила шавад. Масалан, агар шумо тавассути провайдери берунии мо барои курси омӯзиши ҳуқуқи инсон сабти ном кунед ё хоҳиши пайвастан ба Афви Байналмилал ё яке аз маъракаҳои онро тавассути Facebook изҳор намоед, Facebook метавонад маълумотеро, мисли ном ва суроғаи почтаи электронии шумо, бо мо мубодила кунад. Мо инчунин бо дигар ҷонибҳои боэътимод ҳамкорӣ мекунем, ки маълумоти шахсии шуморо аз номи мо коркард мекунанд, аз ҷумла барои ҳадафҳои зерин:

  • Баррасӣ ва идоракунии ҳамаи муроҷиатҳои онлайн барои пайвастан ба Афви Байналмилал ва амалиётҳои вобаста ба он
  • Коркарди пардохтҳои онлайн
  • Коркарди тамоми маълумоти марбут ба дархостҳо барои кор ё ихтиёрӣ ва идоракунии равандҳои марбути ҷалби кормандон

Ҳамаи хизматрасонҳои техникии тарафи сеюм маълумоти шахсии шуморо танҳо аз номи ширкати Афви Байналмилал Лимитед коркард мекунанд ва мувофиқи шартномаҳои махсус амал менамоянд, ки пурра ба қонунгузории ҳифзи маълумот мувофиқанд.

Мо инчунин дар барномаҳои Facebook Custom Audience ва Lookalike Audience иштирок мекунем. Вобаста ба танзимоти махфияти шумо дар Facebook, ин барномаҳо ба мо имкон медиҳанд, ки мундариҷаи худро ба дастгиронандагони мавҷуда ё эҳтимолӣ дар ин шабакаи иҷтимоӣ намоиш диҳем. Барои ин, мо маълумоти маҳдуд, ба монанди суроғаи почтаи электронии шуморо, ба Facebook пешниҳод мекунем. Facebook ин маълумотро бо усулҳои амн рамзгузорӣ мекунад ва онро баъдан ҳазф менамояд, агар он бо ягон ҳисоб мувофиқат накунад ё пас аз тасдиқи он ки ба ҳисоби шумо тааллуқ дорад.

Коркарди пардохт ва пешгирии қаллобӣ

Дар ҳолатҳое, ки маълумоти корти шумо пешниҳод шудааст, он метавонад барои анҷом додани пардохт ба бонкҳо ё муассисаҳои молиявии дахлдор интиқол дода шавад. Агар гумонбарӣ ба амалиёти қаллобӣ ба миён ояд, маълумоти шумо метавонад бо ҳадафи ягонаи гузаронидани санҷишҳои иловагӣ ошкор карда шавад (масалан, ба агентии санҷиши қарз ё мақомоти дахлдор).

Мубодилаи дигар

Мо метавонем маълумоти шахсии шуморо танҳо бо розигии шумо ё дар ҳолате мубодила намоем, ки қонун аз мо талаб кунад ва рад кардани ифшои он ғайриқонунӣ ё номақбул ҳисобида шавад.

Истифодаи кукиҳо (cookies)

Куки файлест аз навъи матнӣ, ки сомона онро дар диски сахти компютери шумо нигоҳ медорад, то ҳангоми боздидҳои минбаъда шуморо шиносад. Одатан, куки дорои номи домейни интернетиест, ки онро фиристодааст, муҳлати эътибор (ё “умр”) ва арзише, ки одатан як рақами беназири тасодуфист.

Агар хоҳед, ки истифодаи кукиҳоро маҳдуд ё масдуд кунед, метавонед танзимоти браузери интернетии худро мувофиқан тағйир диҳед. Барои маълумоти бештар ба сомонаи www.aboutcookies.org муроҷиат намоед.

Барои дарёфти маълумоти муфассалтар дар бораи кукиҳо ва тарзи истифодаи онҳо аз ҷониби Афви Байналмилал, ба саҳифаи махсуси Истифодаи кукиҳо назар андозед.

Шахсони то 18-сола

Агар шумо синнашон аз 18 поёнтар бошед ва хоҳед, ки дар фаъолиятҳои Афви Байналмилал иштирок кунед, лутфан бовар ҳосил намоед, ки пеш аз додани ҳар гуна маълумоти шахсӣ иҷозати волидайн ё парастори қонунии худро гирифтаед.

Мӯҳлати нигоҳдории маълумот

Мо маълумоти шахсии шуморо танҳо то он вақт дар системаҳои худ нигоҳ медорем, ки барои амалӣ кардани ҳадафҳои зикршуда зарур бошад. Пас аз он ки ин маълумот дигар лозим набошад, мо онро мувофиқи дастурамалҳои дохилии худ аз системаҳо хориҷ мекунем. Ин дастурамалҳо муайян мекунанд, ки маълумоти муҳим то кай барои истифода ё истинод дар оянда бояд дастрас монад ва кай ва чӣ гуна онро бояд ба таври бехатар нобуд кард.

Муддати нигоҳдории ҳар як навъи маълумот вобаста ба давомнокии коркарди он, ҳадафи ҷамъоварӣ ва талаботи қонунӣ фарқ мекунад. Пас аз анҷоми ин давра, маълумот ё ба таври бехатар нест карда мешавад, ё дар шакли беимзо ва махфӣ барои таҳқиқот ва таҳлил нигоҳ дошта мешавад.

Дастрасӣ ва ҳуқуқҳои шумо нисбат ба маълумоти шахсӣ

Маълумоти шахсие, ки мо дар бораи шумо дорем, моли шумост. Шумо нисбат ба он ҳуқуқҳои зерин доред:

  • Огоҳ шудан дар бораи тарзи истифода ва коркарди маълумоти худ
  • Дастрасӣ ба маълумоти шахсии худ, ки дар ихтиёри мост
  • Ислоҳ кардани маълумоте, ки нодуруст ё нопурра аст
  • Дархост намудани ҳазфи маълумоти шахсӣ
  • Маҳдуд ё қатъ кардани коркарди маълумот аз ҷониби мо (аз ҷумла гирифтани паёмҳои электронии мо). Ҳамаи паёмҳои электронии мо дорои истиноди “unsubscribe” мебошанд.
  • Эътироз нисбат ба нигоҳдории маълумоти шахсӣ
  • Дархост кардани интиқоли маълумоти худ ба хидмат ё созмони дигар

Изҳороти махфият дар бораи қабули кормандон

Афви Байналмилал Лимитед ӯҳдадор аст, ки тамоми маълумоти шахсиро, ки дар ҷараёни қабули кормандон ҷамъоварӣ мегардад, бо масъулият ва шаффофият коркард намояд.

Маълумоте, ки шумо дар доираи дархости худ пешниҳод мекунед, танҳо барои равандҳои интихоби корҷӯён дар дохили Афви Байналмилал истифода мешавад. Он бе розигии шумо ба шахсони сеюм дода намешавад, ба истиснои ҳолатҳое, ки қонун талаб мекунад ё бо провайдерҳои хидматрасони ваколатдор мубодила мегардад (барои маълумоти бештар ба Изҳороти умумии махфият нигаред).

Маълумоти ҳассоси шахсӣ (аз қабили ҷинс, синну сол, тамоюли ҷинсӣ, дин ё эътиқод, масъулиятҳои нигоҳубин, маъюбият, пайдоиши қавмӣ ё минтақавӣ) махфӣ гардонида мешавад ва танҳо барои назорати гуногунрангии фарҳангӣ ва баробарии имкониятҳо истифода мегардад. Дархостҳое, ки пазируфта намешаванд, то се сол пас аз анҷоми равандҳои интихоби кормандон нигоҳ дошта мешаванд. Мо ҳамчунин аз шумо хоҳиш мекунем, ки розигии худро ба чунин тарзи коркарди маълумот, ки дар зер оварда шудааст, тасдиқ намоед:

Изҳорот

Ман тасдиқ мекунам, ки тамоми маълумоте, ки дар дархости ман оварда шудааст, дуруст ва пурра мебошад. Ман розӣ ҳастам, ки ҳар гуна пинҳонкорӣ, таҳриф ё пешниҳоди маълумоти бардурӯғ дар варақаи дархост метавонад сабаби рад шудани дархост ё, дар сурати ба кор қабул шудан, асос барои аз кор озод шудан гардад. Дар ҳолатҳое, ки зарур шуморида мешавад, ман иҷозат медиҳам, ки ташкилот барои тавзеҳи маълумоти марбут ба бақайдгирии касбии ман муроҷиат намояд. Ман розигии худро медиҳам, ки Афви Байналмилал маълумоти шахсии маро тибқи шартҳои махфият, ки дар боло зикр шудаанд, коркард намояд.

Агар хоҳед, ки аз ҳуқуқҳои зикршуда истифода кунед ё дар бораи ин сиёсати махфият саволе дошта бошед, метавонед бо мо тавассути роҳҳои зерин тамос гиред:

Бо почта:
Amnesty International, International Secretariat
1 Easton Street
London
WC1X 0DW
Британияи Кабир

Бо почтаи электронӣ: amnestyis@amnesty.org

Бо телефон: +44 (0) 20 7413 5500

Шикоятҳо

Агар хоҳед, ки дар бораи тарзи коркарди маълумоти шахсии худ аз ҷониби мо шикоят кунед, метавонед бо истифода аз маълумоти тамоси дар боло зикршуда бо мо иртибот гиред ва тафсилоти шикояти худро пешниҳод намоед. Мо кӯшиш мекунем, ки ба ҳама шикоятҳо дар давоми 14 рӯзи корӣ ҷавоб диҳем.

Агар аз тарзи баррасии шикояти худ аз ҷониби мо қаноатманд набошед, метавонед ба Идораи Комиссари иттилоот (Information Commissioner’s Office) — мақоми назораткунандаи ҳифзи маълумот ва риояи махфият дар Британияи Кабир — муроҷиат намоед:

Вебсайт: https://ico.org.uk/global/contact-us/
Телефон: 0303 123 1113