Шартҳои истифодаи сомона

1. Дар бораи ин шартҳо

Ин шартҳо истифодаи сомонаи мо ва ҳамаи саҳифаҳо, шаклҳо, маъракаҳо, аризаҳои дастаҷамъона, саҳифаҳои хайрия, саҳифаҳои бақайдгирӣ ва дигар хизматрасониҳои онлайниеро, ки мо идора мекунем ва ба ин шартҳо пайванд доранд (минбаъд якҷоя «сомона»), танзим менамоянд.

Ин шартҳо ба сомонаҳо ё хизматрасониҳое, ки аз ҷониби дигар созмонҳои Авфи Байналмилал ё шахсони сеюм идора мешаванд, дахл надоранд, магар он ки дар чунин сомонаҳо ё хизматрасониҳо ба таври возеҳ зикр шуда бошад, ки ин шартҳо нисбат ба онҳо низ татбиқ мешаванд. Он созмонҳо метавонанд шартҳои худро дошта бошанд.

Бо истифода аз сомонаи мо, шумо бо ин шартҳо розӣ мешавед. Агар шумо розӣ набошед, лутфан аз сомона истифода набаред.

Мо метавонем ин шартҳоро вақт аз вақт нав кунем. Ба банди 15 дар поён нигаред.

2. Дар бораи мо

Ин сомона аз ҷониби Amnesty International Limited (рақами ширкат 01606776) идора карда мешавад, ки дар Англия ва Уэлс ба қайд гирифта шудааст ва дафтари расмии он дар суроғаи 1 Easton Street, London WC1X 0DW, Британияи Кабир ҷойгир аст.

Вақте ки мо «Авфи Байналмилал», «мо» ё «моро» мегӯем, манзурамон Amnesty International Limited мебошад.

3. Истифодаи сомонаи мо

Бо истифода аз сомонаи мо, шумо бояд онро мутобиқи қонун ва бо масъулият истифода баред. Аз ҷумла, шумо набояд:

  • халал расонидан ба фаъолият ё амнияти сомона
  • кӯшиши дастрасӣ ба соҳаҳо ё системаҳо бидуни иҷозат
  • ворид кардани вирусҳо, коди зараровар ё маводи зарарнок
  • истифодаи сомона ба тарзе, ки метавонад ба кори мо, корбарон ё эътибори мо зарар расонад
  • ба сифати шахс ё созмони дигар худро муаррифӣ кардан, ё нодуруст нишон додани алоқамандии худ бо Авфи Байналмилал
  • истифодаи ном, логотип, тамғаҳои молӣ ё муҳтавои Авфи Байналмилал ба тарзе, ки бидуни иҷозат гумроҳкунанда бошад ё чунин таассурот диҳад, ки Авфи Байналмилал аз он ҷонибдорӣ ё дастгирӣ мекунад
  • истифодаи абзорҳои худкор, скрапинг, дата-майнинг ё технологияҳои монанд барои дастрасӣ, нусхабардорӣ, назорат ё истихроҷи муҳтаво ё маълумот аз сомона, ба истиснои ҳолатҳое, ки мо инро иҷозат додаем ё қонун иҷозат медиҳад
  • ҷамъоварӣ, гирдоварӣ ё сӯистифодаи маълумоти шахсӣ ё тафсилоти тамос аз сомона
  • сӯиистифода аз аризаҳои дастаҷамъона, иқдомҳои маъракаҳо, шаклҳо, бақайдгириҳо, хайрияҳо ё дигар имкониятҳои сомона, аз ҷумла тавассути пешниҳоди маълумоти бардурӯғ, худкор, такрорӣ ё гумроҳкунанда;
  • кӯшиши убур кардани назорати амниятӣ, назорати дастрасӣ, маҳдудиятҳои басомади дархостҳо ё дигар чораҳои ҳифзӣ

Мо метавонем дастрасӣ ба сомонаро масдуд, муваққатан боздошт ё маҳдуд намоем, маҳдудияти шумораи дархостҳо (rate-limit) ҷорӣ кунем ё барои дастрасӣ санҷиши иловагӣ талаб намоем, агар асосҳои кофӣ дошта бошем, ки ин шартҳо вайрон карда шудаанд ё дар ҳолате ки ин барои ҳифзи сомона, корбарон, низомҳо ё фаъолияти мо зарур бошад. Шумо набояд кӯшиш кунед, ки ин чораҳои назоратӣ ё муҳофизатиро давр занед ё аз онҳо гузаред.

Шумо барои хисороте, ки мо дар натиҷаи бевосита ва қобили пешбинии вайрон кардани ин шартҳо ё сӯиистифодаи шумо аз сомона мебинем, масъул ҳастед.

4. Кӯдакон ва ҷавонон

Сомонаи мо махсус барои кӯдакон пешбинӣ нашудааст. Бо вуҷуди ин, мо медонем, ки кӯдакон ва ҷавонон метавонанд ба масъалаҳои ҳуқуқи башар таваҷҷуҳи зиёд дошта, хоҳиши иштирок дар фаъолияти моро низ дошта бошанд.

Агар шумо аз 13-сола хурдтар бошед, лутфан бе розигии падару модар ё васии қонунии худ ба мо маълумоти шахсӣ пешниҳод накунед. Агар синни шумо аз 13 то 18 сол бошад, мо тавсия медиҳем, ки пеш аз мубодилаи маълумоти шахсӣ, анҷом додани хайрия, бақайдгирӣ ё иштирок дар фаъолиятҳои мо, падару модар ё васии қонунии худро ҷалб намоед. Дар ҳолатҳои дахлдор, мо метавонем чораҳои иловагии муҳофизатӣ татбиқ намоем ё дастрасӣ ба баъзе имкониятҳои сомонаро маҳдуд созем.

5. Муҳтавои сомонаи мо

Сомонаи мо барои мақсадҳои зерин тарҳрезӣ шудааст:

  • пешниҳоди маълумот дар бораи масъалаҳои ҳуқуқи башар ва фаъолияти Авфи Байналмилал; ва
  • фароҳам овардани имконият барои иштирок дар маъракаҳо, иқдомҳо ва дигар фаъолиятҳо.

Муҳтавои сомонаи мо танҳо барои пешниҳоди маълумоти умумӣ ва мусоидат ба иштирок пешкаш карда мешавад. Ҳарчанд мо мекӯшем, ки онро дақиқ ва нав нигоҳ дорем, мо кафолат намедиҳем, ки он ҳамеша мукаммал, саҳеҳ, ҷорӣ ё ба шароити махсуси шумо мувофиқ аст.

Мо инчунин кафолат намедиҳем, ки маъракаҳо, аризаҳои дастаҷамъона, иқдомҳо ё фаъолиятҳо ҳатман ба натиҷаи муайян хоҳанд расид.

Шумо набояд ба муҳтавои сомонаи мо ҳамчун ҷойгузини машварати касбӣ такя намоед.

6. Муҳтавои корбар

Баъзе қисматҳои сомонаи мо метавонанд ба шумо имкон диҳанд, ки муҳтаво пешниҳод ё мубодила намоед (масалан, шарҳҳо, иқдомҳои маъракаҳо, паёмҳои аризаҳои дастаҷамъона, тасвирҳо, ҳикояҳо, маълумоти бақайдгирӣ ё дигар маводи пешниҳодшуда).

Ҳангоми пешниҳоди чунин муҳтаво, шумо тасдиқ мекунед, ки муҳтавои шумо:

  • ба худи шумо тааллуқ дорад ё барои истифодаи он иҷозати зарурӣ доред;
  • ғайриқонунӣ, зараровар, таҳқиромез, тӯҳматангез ё гумроҳкунанда нест;
  • ҳуқуқҳои шахсони дигарро поймол намекунад;
  • маълумоти шахсии дигаронро дар бар намегирад, магар он ки барои мубодилаи он асоси қонунӣ ва иҷозати онҳо мавҷуд бошад;
  • шуморо ё шахсони дигарро ба хатарҳои ҷиддии амниятӣ, бехатарӣ, ҳуқуқӣ ё дигар хатарҳо дучор намесозад.

Шумо барои муҳтавое, ки мубодила мекунед, масъул ҳастед. Лутфан маълумоти махфӣ ё маълумоте, ки метавонад шуморо ё шахси дигарро дар хатар гузорад, пешниҳод накунед, магар он ки мо онро тавассути воситаи бехатар ва мувофиқ махсус дархост карда бошем.

Мо метавонем муҳтаворо ҳазф намоем ё дастрасӣ ба онро маҳдуд созем, агар он ин шартҳоро вайрон кунад ё ба таври дигар номуносиб бошад.

Шумо ба Авфи Байналмилал иҷозати ғайриинҳисорӣ, умумиҷаҳонӣ ва ройгон медиҳед. Ин ҳуқуқ ба мо имкон медиҳад, ки муҳтавои пешниҳодкардаи шуморо, дар ҳадде ки ба таври муносиб зарур бошад, барои мақсадҳои маъракаҳо, ҳимоятгарӣ (advocacy), таҳқиқот, ҳисоботдиҳӣ, таълим, ҷамъоварии маблағ, таблиғ, модератсия, бехатарӣ, иҷрои талаботи ҳуқуқӣ, нигоҳдории сабтҳо, фаъолияти амалиётӣ ва техникӣ истифода барем. Мо метавонем онро ҷойгир намоем, нусхабардорӣ кунем, нигоҳ дорем, нашр намоем, таҳрир кунем, тарҷума намоем, модератсия кунем, бойгонӣ намоем ва мубодила кунем. Ҳангоми истифодаи чунин муҳтаво, мо бехатарӣ ва заминаи пешниҳоди муҳтаворо ба назар мегирем. Мо инчунин ҳама гуна интихобҳо ё иҷозатҳоеро, ки шумо ҳангоми пешниҳоди муҳтаво додаед, ба ҳисоб мегирем.

7. Моликияти зеҳнӣ

Агар тартиби дигаре зикр нашуда бошад, ҳуқуқҳои моликияти зеҳнӣ ба муҳтавои сомонаи мо ба Авфи Байналмилал, иҷозатдиҳандагони мо ё дигар соҳибони ҳуқуқ тааллуқ доранд

Ҳамаи ҳуқуқҳо нисбат ба ном, логотип ва тамғаҳои молии Авфи Байналмилал ҳифз шудаанд. Шумо набояд онҳоро бе иҷозати мо истифода баред.

Шумо метавонед сомонаро бинед ва қисмҳои муносиби онро аз он барои истифодаи шахсӣ ва ғайритиҷоратии худ зеркашӣ ё чоп намоед, ба шарте ки ҳамаи огоҳиҳо дар бораи ҳуқуқи муаллиф, тамғаҳои молӣ, нишон додани манбаъ (attribution) ва дигар огоҳиҳои ҳуқуқиро бетағйир нигоҳ доред ва муҳтаворо ба тарзе истифода набаред, ки гумроҳкунанда ё зараровар бошад. Магар он ки мо иҷозат дода бошем ё иҷозатномаи дахлдор чунин истифодаро иҷозат диҳад, шумо набояд скрапинг (scraping) ё маълумотканӣ (data mining) анҷом диҳед. Ҳамчунин, истифодаи муҳтавои мо барои омӯзонидани низомҳои зеҳни сунъӣ ё барои мақсадҳои тиҷоратӣ манъ аст. Шумо набояд огоҳиҳои ҳуқуқиро хориҷ намоед ё муҳтавои моро ба тарзе истифода баред, ки чунин таассурот диҳад, гӯё Авфи Байналмилал шумо, ташкилоти шумо, маҳсулот, хидматрасониҳо, назарҳо ё фаъолияти шуморо дастгирӣ мекунад.

8. Иҷозатномаҳо ва муҳтавои таҳти иҷозатномаи Creative Commons

Баъзе муҳтавои Авфи Байналмилал метавонанд таҳти иҷозатномаҳои Creative Commons 4.0 ё дигар иҷозатномаҳо дастрас бошанд, аммо танҳо дар сурате ки ин дар саҳифаи иҷозатномаҳои мо ё дар баробари худи муҳтаво зикр гардида бошад.

Агар шумо аз чунин муҳтаво истифода баред, бояд шартҳои иҷозатнома ё иҷозати дахлдорро риоя намоед. Ин метавонад нишон додани дурусти манбаъ (attribution), риояи маҳдудиятҳо вобаста ба мутобиқ ё тағйир додани муҳтаво ё истифодаи тиҷоратии он, инчунин эҳтиром намудани ҳама гуна истисноҳои пешбинишударо дар бар гирад.

Иҷозатномаҳои Creative Commons нисбат ба ном, логотип ё тамғаҳои молии Авфи Байналмилал, муҳтавои шахсони сеюм, муҳтавое, ки ба шахси дигар мансуб дониста шудааст, маълумоти шахсӣ, нармафзор (software) ё рамзи барномавӣ (code), муҳтавое, ки ҳамчун истисношуда муайян гардидааст, ё ҳар гуна истифодае, ки метавонад мардумро нисбат ба мавқеъ ё ҷонибдорӣ ва дастгирии Авфи Байналмилал гумроҳ созад, татбиқ намегарданд.

Агар шумо аз маълумоти сомонаи мо истифода баред, метавонед барои дастгирии таҳқиқот ва маъракаҳои минбаъдаи Авфи Байналмилал дар бораи анҷом додани хайрия андеша кунед.

9. Пайвандҳо ва хизматрасониҳои шахсони сеюм

Сомонаи мо метавонад пайвандҳо ба сомонаҳо ё дигар хизматрасониҳои шахсони сеюм, аз ҷумла платформаҳои шабакаҳои иҷтимоӣ, платформаҳои видеоӣ, платформаҳои баргузории чорабиниҳо, провайдерҳои пардохт, воситаҳои аризаҳои дастаҷамъона (петитсияҳо) ё дигар хизматрасониҳоро, инчунин ҳамгироӣ бо онҳо дар бар гирад.

Ин пайвандҳо ва хизматрасониҳо танҳо барои осонии истифода ва мусоидат ба иштирок пешниҳод мешаванд. Мо чунин хизматрасониҳои шахсони сеюмро назорат намекунем ва барои муҳтаво, дастрасӣ, амният, хизматрасониҳо ё тарзи истифодаи маълумоти шахсӣ аз ҷониби онҳо масъул нестем. Истифодаи онҳо тибқи шартҳои истифода ва сиёсати махфияти худи онҳо танзим мегардад.

10. Махфият ва ҳифзи маълумот

Ҳангоми истифодаи сомонаи мо, мо метавонем маълумоти шахсии шуморо тибқи тартиби дар Сиёсати махфият ва Изҳороти истифодаи кукиҳо шарҳдодашуда ҷамъоварӣ ва истифода барем.

Ин метавонад маълумоти техникӣ, аз ҷумла нишонии IP, маълумот дар бораи дастгоҳ ва браузер, низоми амалиётӣ, саҳифаҳои боздидшуда, пайвандҳои пахшшуда, сана ва вақти боздид, муайянкунандаҳои кукиҳо (cookie identifiers) ва дигар муайянкунандаҳои шабеҳи онлайнро дар бар гирад. Илова бар ин, чунин маълумот метавонад аз ҷониби провайдерҳои тарафи сеюми хизматрасонии пардохтии мо низ тибқи шартҳо ва талаботи онҳо ҷамъоварӣ карда шавад.

11. Хайрия, пардохт ва бақайдгирӣ

Баъзе қисматҳои сомона метавонанд ба шумо имкон диҳанд, ки хайрия ё дигар намуди пардохт анҷом диҳед, ё барои чорабиниҳо, фаъолиятҳо ё хизматрасониҳо сабти ном кунед. Лутфан дастурҳои дар он вақт додашударо риоя намоед.

Пардохтҳо метавонанд тавассути провайдерҳои тарафи сеюми хизматрасонии пардохт, бонкҳо ё платформаҳо коркард шаванд. Шартҳои истифода ва сиёсати махфияти онҳо низ метавонанд татбиқ шаванд. Мо маълумоти пурраи корти пардохтии шуморо нигоҳ намедорем.

Мо метавонем хайрияҳо, пардохтҳо, бақайдгириҳо ё иқдомҳоро рад намоем, бекор кунем, баргардонем ё муваққатан боздорем. Ин метавонад дар ҳолате сурат гирад, ки мо бо асосҳои кофӣ чунин шуморем, ки ин бинобар хатогӣ, гумони қаллобӣ, сӯиистифода, маҳдудиятҳои ҳуқуқӣ, сабабҳои бехатарӣ, масъалаи мутобиқ набудан ба шартҳои иштирок ё вайрон кардани ин шартҳо зарур аст.

12. Мониторинг ва амният

Барои ҳифзи сомона, истифодабарандагон, низомҳо ва фаъолияти мо, мо метавонем истифодаи сомона ва маълумоти техникии марбутро, аз ҷумла маълумоти зеринро, назорат намоем:

  • нишонии IP, маълумот дар бораи дастгоҳ ва браузер, низоми амалиётӣ ва дигар маълумоти техникии шабеҳ;
  • саҳифаҳои боздидшуда, пайвандҳои пахшшуда, сана ва вақти боздид, муайянкунандаҳои кукиҳо ва дигар муайянкунандаҳои шабеҳи онлайн.

Мо метавонем ин маълумотро дар ҳолатҳои зарурӣ ва мутаносиб барои мақсадҳои зерин истифода барем:

  • ҳифзи бехатарии сомона, низомҳо, корбарон ва маълумоти мо
  • пешгирӣ ё вокуниш ба сӯистифода, қаллобӣ, ҳодисаҳои киберамниятӣ, дастрасии беиҷозат ё фаъолияти шубҳанок
  • масдуд, муваққатан боздошт ё маҳдуд намудани дастрасӣ, ҷорӣ намудани маҳдудияти шумораи дархостҳо ё талаб намудани санҷиши иловагӣ, дар ҳолате ки ин барои ҳифзи сомона, корбарон, низомҳои мо ё кори мо зарур бошад

Мо ин корро мутобиқи қонунгузории амалкунандаи ҳифзи маълумот анҷом медиҳем. Сиёсати махфият ва Изҳороти истифодаи кукиҳо асосҳои ҳуқуқие, ки мо ба онҳо такя мекунем, шахсонеро, ки метавонем маълумотро бо онҳо мубодила кунем, аз ҷумла провайдерҳои хизматрасонӣ ва мақомоти салоҳиятдор дар ҳолатҳои дахлдор, инчунин муҳлати нигоҳдории маълумоти марбут ба сомона ва кукиҳоро шарҳ медиҳанд. Мо тамоми истифодаи сомонаро назорат намекунем ва кафолат намедиҳем, ки сомона пурра аз сӯиистифода эмин хоҳад буд.

13. Дастрасии сомона

Мо мекӯшем, ки сомонаи мо ҳамеша дастрас, қобили истифода ва дуруст фаъолият кунад, аммо кафолат намедиҳем, ки он ҳамеша дастрас, бефосила ё бидуни хато хоҳад буд.

Мо метавонем:

  • муҳтаворо навсозӣ, тағйир ё ҳазф намоем
  • фаъолияти сомона ё қисмҳои алоҳидаи онро муваққатан боздорем ё пурра қатъ намоем
  • дар ҳолатҳои зарурӣ корҳои нигоҳдорӣ ва хизматрасонии техникиро бидуни огоҳии пешакӣ анҷом диҳем

14. Масъулият

Ҳеҷ як муқаррароти ин шартҳо масъулиятеро, ки тибқи қонун истисно ё маҳдуд намудани он ғайриқонунӣ аст, истисно ё маҳдуд намекунад. Аз ҷумла, ин ба масъулият барои марг ё осеби ҷисмонӣ, ки дар натиҷаи беэҳтиётӣ ба вуҷуд омадааст, қаллобӣ ё пешниҳоди қаллобонаи маълумоти бардурӯғ, инчунин ҳар гуна масъулияти дигаре, ки тибқи қонун истисно ё маҳдуд карда намешавад, дахл дорад.

Бо назардошти боло:

  • сомона ва муҳтавои он дар ҳолати «ҳамон тавре ки ҳаст»  ва «дар ҳолати дастрас будан» пешниҳод мешаванд. Мо кафолат намедиҳем, ки сомона ҳамеша дастрас, бехатар, бидуни хато, бидуни вирус ё дигар маводи зараровар хоҳад буд
  • мо барои зарар ё хисороте, ки ба таври оқилона пешбинишаванда набуд ё аз ҳолатҳое ба вуҷуд омадааст, ки берун аз назорати оқилонаи мо қарор доранд, масъул нестем
  • мо барои сомонаҳо, платформаҳо, провайдерҳои пардохт, муҳтавои корбарон, шабакаҳои техникӣ ё хизматрасониҳои шахсони сеюм, ки таҳти назорати мо нестанд, масъул нестем
  • мо барои зарар ё хисороте, ки дар натиҷаи вайрон кардани ин шартҳо аз ҷониби шумо, сӯиистифодаи шумо аз сомона ё риоя накардани чораҳои оқилонаи амниятӣ аз ҷониби шумо ба вуҷуд омадааст, масъул нестем
  • мо барои талафоти ғайримустақим ё натиҷавӣ, ба монанди аз даст додани маълумот, даромад ё эътибор, масъул нестем, ба истиснои ҳолатҳое, ки қонун ба мо иҷозат намедиҳад, ки масъулиятро маҳдуд ё истисно намоем

Ин аз он бармеояд, ки сомона ба таври ройгон барои пешниҳоди маълумоти умумӣ ва мусоидат ба иштирок дастрас карда мешавад.

15. Тағйирот ба ин шартҳо

Мо метавонем ин шартҳоро вақт аз вақт нав кунем. Нусхаи охирин ҳамеша дар сомонаи мо дастрас хоҳад буд. Агар шумо пас аз ворид шудани тағйирот истифодаи сомонаро идома диҳед, чунин ҳисобида мешавад, ки шумо шартҳои навшударо қабул кардаед.

16. Тамос ва шикоятҳо

Агар шумо оид ба ин шартҳо саволе дошта бошед ё хоҳед дар бораи эҳтимоли нақзи ҳуқуқҳо, муҳтавои зараровар ё ғайриқонунӣ, сӯиистифода аз ном, логотип ё тамғаҳои молии Авфи Байналмилал, нигаронии амниятӣ ё дигар масъала ё шикоят вобаста ба сомона хабар диҳед, метавонед бо Amnesty International Limited, International Secretariat, 1 Easton Street, London, WC1X 0DW, UK, тавассути почтаи электронӣ [email protected] ё бо рақами телефони +44 (0) 20 7413 5500 дар тамос шавед.

Лутфан маълумоти кофӣ пешниҳод намоед, то мо масъалаи пешниҳодшударо дуруст дарк намуда, муҳтаво ё фаъолияти дахлдорро муайян карда тавонем.

17. Қонуни татбиқшаванда

Ин шартҳо тибқи қонунҳои Англия ва Уэлс танзим мешаванд. Судҳои Англия ва Уэлс салоҳияти баррасии баҳсҳоро доранд, магар он ки қонуни ҳатмии маҳаллии татбиқшаванда ба шумо ҳуқуқ диҳад, ки мурофиаро дар ҷои дигар оғоз намоед ё дар мурофиа аз худ дифоъ намоед, ё ба шумо кафолатҳои ҳатмии ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагонро фароҳам оварад, ки тибқи қонун истисно ё маҳдуд намудани онҳо мумкин нест.