Баёнияи дастрасии сомона

Афви Байналмилал ӯҳдадор аст, ки таҷрибаи истифодаи сомонаи худро барои ҳамаи корбарон дастрас ва фарогир гардонад. Такмил ва беҳтарсозии сомона барои ҳамаи корбарон як равандест, ки пайваста идома дорад. Мо аз пешниҳоди назарҳо ва бозхурди шумо дар бораи самтҳое, ки метавонанд боз ҳам беҳтар гарданд, истиқбол мекунем.

Мутобиқат бо меъёрҳои WCAG

Сомонаи amnesty.org қисман ба сатҳи AA-и меъёрҳои Дастури дастрасии муҳтавои сомона (WCAG) мутобиқат дорад. Бо дарназардошти шумораи зиёди саҳифаҳо ва ҳуҷҷатҳои мавҷуда дар сомона, раванди такмил ва баланд бардоштани мутобиқат ба меъёрҳои дастрасӣ пайваста идома дорад.

Хусусиятҳои сомона, ки дастрасиро таъмин мекунанд

  • Сомонаро метавон бо истифода аз клавиатура паймоиш кард, ва пайванди «Гузаштан ба муҳтавои асосӣ» дар ҳамаи саҳифаҳо мавҷуд аст.
  • Нишонҳои ARIA барои осон намудани паймоиш дар сомона тавассути технологияҳои ёрирасон ҷойгир карда шудаанд.
  • Истифодабарандагон метавонанд андозаи матни браузери худро бе мушкил дар аксари саҳифаҳо ба таври назаррас зиёд намоянд.

Мушкилоти маълум

  • Сарлавҳаҳои саҳифаҳо на ҳамеша ба таври яксон ё бо сохтори зинадор истифода мешаванд.
  • Аксари файлҳои PDF дар сомонаи amnesty.org танҳо қисман ба стандартҳои дастрасии WCAG ва PDF/UA мутобиқат доранд.
  • Баъзе тасвирҳо контрасти ранги заиф доранд ё матн дар дохили онҳо ҷойгир аст.
  • Баъзе тасвирҳо бе матни ивазкунанда (алтернативӣ) мондаанд. Ин мушкил бештар дар саҳифаҳои кӯҳнаи сомона дида мешавад.
  • Баъзе видеоҳо тавсифи садоӣ (аудиоӣ) надоранд.
  • Шумораи ками видеоҳо барангоштҳо (caption), зернависҳо (subtitle) ё рӯнавиштҳо (transcript) надоранд. Дар баъзе ҳолатҳо ин унсурҳо ба таври худкор тавлид мешаванд, ки метавонад ба дурустии тавсифҳои мавҷуда таъсир расонад.
  • Қисми зиёди муҳтавои сомонаи мо бо забони англисии содда навишта нашудааст ва барои дарк кардан сатҳи нисбатан баланди савод ва фаҳмишро талаб мекунад.
  • Баъзе мундариҷаи ҷойгиршуда аз платформаҳои тарафи сеюм ба сатҳи дастрасии дигар мундариҷаи сомона мувофиқат намекунад. Ба чунин мундариҷа инфографикаҳо, видеоҳо ва сабтҳои садоӣ дохил мешаванд. Мушкилоти дастрасӣ бо ин гуна мундариҷа бештар дар саҳифаҳои кӯҳнаи сомона мушоҳида мешаванд. Ҳоло мо мекӯшем, ки истифодаи мундариҷаи ҷойгиршудаи берунаи тарафи сеюмро, махсусан аз платформаҳое, ки сатҳи пасттари дастрасӣ доранд, коҳиш диҳем.
  • Барои дидани рӯйхати масъалаҳои техникии вобаста ба дастрасӣ, ки айни ҳол рӯи онҳо кор бурда мешавад, нигаред ба пайванд:
    https://github.com/amnestywebsite/humanity-theme/issues?q=is%3Aopen+is%3Aissue+label%3Aaccessibility

Бозхурд

Агар ҳангоми истифодаи ягон саҳифа бо мушкил рӯ ба рӯ шавед ё ба кӯмак эҳтиёҷ дошта бошед, лутфан бо мо тамос гиред.